Маросими имзои санадҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон
31.03.2025
Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.
Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.
Сипас сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи фосилавии стелаи (сутуни) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Бо розигии сарони давлатҳо аз ҷониби намояндагони масъули ҷонибҳо иншооти рамзӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.
Садои мусиқӣ дар майдони ифтитоҳи иншоот бо истифода аз карнай, сурнай ва дигар созҳои миллӣ ба маросим шукӯҳи хосса бахшид.
Kaynak:https://www.president.tj/event/news/50328
Son Güncelleme: 01 Nisan 2025 | Etiketler: ва, Гулистон, имзои, Қирғизистон, Қирғизистон ва Узбекистон, маросими, Маросими имзои санадҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, санадҳои, сеҷонибаи, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии, шаҳри, шаҳри Гулистон, Эмомалӣ Раҳмон
В Ростове-на-Дону при поддержке «Единой России» открылась экспозиция, посвященная геноциду советского народа
Единороссы Ульяновска проконтролировали условия отдыха в детском лагере
«Единая Россия» поддержала проект смоленских поисковиков по сохранению имён героев Великой Отечественной войны
«Единая Россия» утвердила кандидата на пост губернатора Пензенской области
Birleşik Rusya’nın desteğiyle Stavropol’da bir çocuk dama şampiyonası düzenlendii
İŞ İNSANI MEHMET ŞEKER`DEN BABALAR GÜNÜ MESAJI